20 октябри соли 2022 дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” барои меҳмонон барномаи фарҳангӣ танзим гардид.
Тибқи он меҳмонон аз Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе, Қалъаи Ҳисор ва Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дидан намуданд.