РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ТОЗАНАШР: «Мастона месарояд»

Муассисаи давлатии нашриёти “Адиб”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 55-солагии фаъолияти эҷодии Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, овозхони маҳбубу шинохта, устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов Мастона Эргашева китоби шарҳу тавзеҳи ҳунару маҳорати беназири ин сарояндаи маъруфро таҳти унвони “Мастона месарояд” аз чоп баровард. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки Мастона Эргашева — 26 октябри соли 1952 дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон ба дунё омада аз хурдсолӣ ба таври худомӯзӣ бо овозхониву рубобнавозӣ машғул шудааст. Мулоқот бо шоираи ҷавон Санавбар Соҳибова соли 1967 дар мавсими пахтачинӣ, ки донишҷӯи техникуми омӯзгорӣ будааст, барои ташаккули ҳунарии хонум Мастона нақши муҳим бозидааст: аввалин оҳанги эҷодкардаи Мастона ба шеъри Санавбар Соҳибова “Агар ёри ситамгорӣ” аз ҷониби адибони давр баҳои баланд гирифт. Мастона Эргашева ба ҳайси сарояндаи ансамбли суруду хореографии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев ва ансамбли «Шашмақом»-и Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ҳунарнамоӣ кардааст. Ҳоло дар вазифаи омӯзгори Консерватрияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов фаъолияти хешро бурда истодааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram