РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Намунаҳои эҷоди адибони тоҷики Ҷиззах ва адибони ӯзбеки Суғд дар як китоб гирдоварӣ шуданд

Китоби «Меҳрнома» — китоби дӯстӣ аст, ки намунаи эҷоди адибони тоҷики вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва намунаи эҷоди адибони ӯзбеки вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он гирд омадаанд. Бо саъю эҳтимоми раиси Маркази милливу фарҳангии тоҷикони вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдукарим Шарифов ва раиси Маркази маънавият ва маърифати ӯзбекони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Юсуфов ин китоб бо сифати хуб чоп шуд. Дар ин бора рӯзномаи «Овози Самарқанд» хабар дод.

Чанде пеш дар шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдимоти ин китоби дӯстӣ баргузор шуд. Дар ин тақдимот аҳли фарҳанги ду ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Ёдовар мешавем, ки китоби “Меҳрнома” аз 304 саҳифа иборат буда, дар он чакидаҳои хомаи 18 нафар эҷодкори тоҷики вилоятҳои Ҷиззаху Навоӣ ва 18 нафар эҷодкори бо забони ӯзбекӣ эҷодкунандаи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шудааст. Китоб ба муносибати 30-солагии роҳандозии муносибатҳои дипломатии Ӯзбекистону Тоҷикистон таҳти силсилаи “Аз китобхонаи маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ” дар Хонаи табъу нашри “Маҳорат” чоп шуд.

Дар анҷумани бонуфузе, ки дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд баргузор шуд, сарвари Маркази дипломатияи Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Ӯзбекистон Қобилҷон Собиров, вакили Кумитаи муносибатҳои байналмиллӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фирӯз Беков, намояндаи Ҷамъияти дӯстии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Шуҳрат Суюнов, раиси Маркази милливу фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон Гуландом Субҳонова, раиси Маркази миллию фарҳангии вилояти Ҷиззах Абдукарим Шарифов, раиси Маркази маънавият ва маърифати ӯзбекони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Юсуфов, раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Абдулатиф Султонов, сармуҳаррири маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии “Дурдонаи Шарқ” Асадуллоҳ Исмоилзода ва чандин эҷодкорони намунаи эҷодашон дар ин китоб ҷойгирифта ба сухан баромада, дар бораи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ва ҳамкориҳои адабию фарҳангӣ ҳарф заданд.

Анҷумани дӯстӣ дар яке аз базмгоҳҳои соҳили дарёи Сир идома ёфта, шеъру сурудҳои дилнишин пешкаши иштирокдорон карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram