РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ҷамъбаст гардид

23 октябри соли равон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ба анҷом расид. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки озмун аз рӯи се номинатсия-“Сарояндагӣ”, “Навозандагӣ” ва “Композиторӣ” баргузор гардид.

Дар даври ниҳоии Озмун иштирокчиён аз ВМКБ, вилояти Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳунару маҳорати хешро манзури ҳайати ҳакамон гардониданд.

Даври ниҳоии Озмунро ҳакамон дар ҳайати санъатшиносону мусиқишиносони шинохтаю варзидаи кишвар доварӣ намуданд.

Аз 316 нафар довталаб 296 нафар дар даври сеюми озмун ширкат варзиданд, ки аз ин теъдод 78 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмун рӯзи 28 октябри соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баргузор мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram