РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили Тоҷикистон соҳиби таҷҳизоти навтарин гардид

Ба Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 октябр даҳ адад таҷҳизоти навтарин доир ба ташхиси бемории сил иборат аз дастгоҳҳои рентгенӣ тақдим гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат хабар доданд.

Таҷҳизоти мазкур имкон медиҳад, ки дар шароити кӯҳсор низ ташхиси бемории сил дар муддати кӯтоҳ ва дурусту дақиқ ба роҳ монда шавад.

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода зимни маросими тақдими ин таҷҳизот иброз намуд, ки давоми солҳои охир сатҳи гирифтории шаҳрвандон ба бемории сил дар кишвар бамаротиб коҳиш ёфтааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram