РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи таҷлили Рӯзи Конститутсия ба тавсиб расид

Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 21 октябри соли 2022 дар бораи таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расид. Дар ин бора  аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.

Тибқи қарори мазкур бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои банди 74 Нақшаи кори мақомоти иҷроиияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 29 декабри соли 2021,  №791 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” қарор  қабул гардид.

Муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи чорабиниҳои мазкурро таъмин менамоянд.

Шуъбаи иттилоти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” иникоси васеи қарори мазкур ва рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳоро тавассути васоити ахбори оммаро таъмин менамоянд.

Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram