РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳисор: даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид

Дар шаҳри Ҳисор даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид. Озмуни мазкур аз 17 то 23 октябр бо иштироки довталабон аз 8 шаҳру ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ- Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат, Шаҳринав, Варзоб, Рӯдакӣ, Файзобод ва Роғун аз рӯи панҷ номина баргузор шуда, ғолибони даври минтақавӣ муайян гардиданд.

Муовини Раиси шаҳри Ҳисор Бунафша Юлдошзода ба АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки ҳар номинаи озмун шаффофу одилона баргузор гардида, ҳакамон малакаву дониши иштирокчиёнро санҷида, аз миёни онҳо, ки беш аз 300 нафарро ташкил медоданд, беҳтаринҳоро интихоб ва ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат доданд.

Зимни озмун муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ва Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар бо ҳакамону иштирокчиёни он аз наздик дидору мулоқот карда, вобаста ба шароиту имконияти фароҳамгардида ва мушкилоташон суҳбат намуданд.

Зикр шуд, ки озмуни мазкур бо ташаббус ва таҳти сарпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шинос намудани наврасону ҷавонон ба мероси бою ғанӣ ва муаррифии таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик ба роҳ монда шуда, ҳамчун роҳкушои дари ошёни ақлу хирад ба баланд бардоштани завқи китобхонию китобдӯстӣ ва дар умум маърифати фарҳангии миллат мусоидат менамояд.

Сарходими илмии шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Аскар Ҳаким зикр намуд, ки бо хондани китобу аз бар кардани шеъру достонҳо маънавиёти шахс баланд гардида, китобхонию сухандонӣ дар интихоби роҳи дурусти зиндагӣ, пайдо намудани мавқею мартаба дар ҷомеа аҳамияти хосса дорад.

Тибқи иттилои раиси ҳакамон, аз шумораи умумии иштирокчиёни озмун ба даври ҷумҳуриявӣ 79 нафар роҳхат гирифтаанд, ки 15 нафарашон аз шаҳри Ҳисор мебошанд. Дар ҷадвали ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ шаҳри Ваҳдат дар ҷойи аввал ва шаҳри Ҳисор дар ҷойи дуюм қарор дошта, шаҳру ноҳияҳои боқимонда аз рӯи холҳои гирифтаашон ҷойҳои боқимондаро соҳиб гардиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram