РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Кӯлоб иншооти таъиноташон гуногун мавриди истифода қарор дода шуд

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб аз тарафи намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб бахшида ба таҷлили ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор иншооти таъиноташон гуногун мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар доданд.

Аз ҷумла, бо иштироки вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода Маркази хизматрасонӣ, воқеъ дар кӯчаи Чармгарони Поён мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Сохтмони маркази хизматрасонӣ, воқеъ дар кӯчаи Чармгарони поён соли 2022 оғоз гардида, иншоот аз 3 ошёна иборат мебошад. Соҳибмулки иншооти мазкур Сафаров Шамсудин буда, дар ошёнаи якуми иншоот мағозаи хӯрокворӣ ва дар ошёнҳои болоӣ маркази хизматрасонӣ бунёд гардидааст.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ то 7 нафар сохтмончӣ ба кор ҷалб гардида, дар рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ масолеҳи сохтмонии босифат истифода бурда шудааст. Баъди ба истифодадиҳӣ то 10 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.

Инчунин, дар ин зимн бо иштироки намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ ва МИҲД вилоят ва шаҳри Кӯлоб Толори варзишӣ воқеъ дар деҳаи Даҳанаи ҷамоати Даҳана мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Сохтмони толори варзишӣ соли 2021 оғоз гардида, ягона толори варзишии замонавӣ дар қаламрави ҷамоати мазкур мебошад. Масоҳати зери сохтмони он 400 метри мураббаъ буда, он бо тамоми таҷҳизотҳои замонавии варзишӣ таъмин мебошад.

Фармоишгари иншоот соҳибкори маҳаллӣ Зайниддинов Маҳмадёр буда, арзишии харҷномавии он 500000 сомониро ташкил медиҳад. Дар рафти корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, корҳо бо сифати баланд иҷро шудаанд. Ҳангоми иҷрои корҳо масолеҳи сохтмонии босифат истифода бурда шуда, баъди ба истифода додан дар як баст то 50 нафар ба тамрин ҷалб карда мешаванд.

Дар ин маврид, Дорухона, воқеъ дар деҳаи Даҳанаи ҷамоати деҳоти Даҳана, ки сохтмонаш соли 2021 оғоз гарида буд, фаъолияташро оғоз кард. Иншооти мазкур 2 ошёна буда, дар рафти корҳои сохтмонӣ то 5 нафар сохтмончии маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Баъди ба истифода додани иншоот 4 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад. Дар марҳиллаи дуюм таъсиси мағозаи хӯрокворӣ дар назар дошта шудааст. Фармоишгари иншоот соҳибкор Амиршоев Исуф буда, маблағи сохтмон 250000 сомониро ташкил медиҳад.

Инчунин, бинои 4 синфхонаи иловагӣ дар назди ЛКТ №22, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Даҳана, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Иншооти мазкур, аз ҷониби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон бунёд шудааст. Лоиҳаи иншооти мазкур аз ҷониби КВД “Хатлон лоиҳасоз” омода шуда, дар корҳои сохтмонӣ сохтмончиёни маҳаллӣ ҷалб гардидаанд. Бинои мазкур барои маркази омӯзишии ҷавонон пешбинӣ гардида, синфхонаҳо бо мизу курсӣ, компютер ва дигар таҷҳизотҳои зарурӣ таъмин шудааст.

Дар доираи чорабинии мазкур Мағозаи хӯрокворӣ ва нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, воқеъ дар деҳаи Тоқакаппаи ҷамоати деҳоти Даҳана мавриди истифодабарӣ қарор гирифт.

Иншооти мазкур аз 2 ошёна иборат буда, аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Зарипов Сироҷ сохта шудааст ва дар корҳои сохтмонӣ 4 нафар коргарони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шудаанд. Дар ошёнаи якуми бино мағозаи хӯрокворӣ ва дар ошёнаи дуюми он фурӯши либосҳо ба роҳ монда шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram