РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тозанашр: Монографияи “Тундгароии динӣ ва паҳншавии он дар шароити тағйирпазирии ҷомеа (таҷрибаи Тоҷикистон)” чоп шуд

Дар моҳи   октябри   соли  2022  дар  Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи   миллии илмҳои Тоҷикистон    китоби корманди  институт Хоҷаев Ҳикматулло Ҳимматович таҳти унвони “Тундгароии динӣ ва паҳншавии он дар шароити тағйирпазирии ҷомеа (таҷрибаи Тоҷикистон)”  ба нашр расид. Дар ин бора сомонаи расмии АМИТ хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, монографияи мазкур ба  истиқболи ҷашни   30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Дар таҳқиқоти  мазкур хусусиятҳои муҳимми тундгароии динӣ таҳлилу баррасӣ гардида, сабабҳои паҳншавии он дар шароити тағйирпазирии ҷомеа муайян карда шудаанд. Дар ин замина зуҳури тундгароии динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсири он ба муҳити ҷавонон низ таҳқиқ гардидаанд. Инчунин  ташаккули маданияти ҳуқуқӣ-сиёсии ҷавонони Тоҷикистон дар давраи ҷаҳонишавӣ,масоили паҳншавии идеяҳои тундгароии динӣ ва ифротгароӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,муқовимат бо тунгароии динӣ ва роҳу воситаҳои безарар гардонидани он таҳлилу баррасӣ шудаанд.

Китоби зикргардида  барои истифода дар кори мақомоти қудратӣ,мактабҳои олӣ ва доираи васеъи хонандагон пешбинӣ шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram