Дар асоси ҳамкориҳои байнисоҳавӣ ва кумаки илмӣ-методии кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” китобҳои китобхонаи Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” гуруҳбандӣ гардида, дар рафҳои алоҳида ҷойгир ва ба талаботи китобхонадорӣ мутобиқ карда шуданд. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.
Инчунин дигар тавсияҳои соҳавии мутахассисони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” ба инобат гирифта шуда, дар амал тадбиқ карда шуданд, ки ба манфиати фаъолияти минбаъдаи китобхонаи Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” мебошанд.
Дар китобхонаи Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” бо забони тоҷикӣ ва забонҳои хориҷӣ зиёда аз 5 ҳазор китоб марбут ба таърих, фарҳанг, санъат, бостоншиносӣ, сиккашиносӣ, меъморӣ, забоншиносӣ, кишоварзӣ, ҷуғрофия, маориф, дин, сиёсат, ҳуқуқ ва ғайраҳо ҷамъоварӣ гардидаанд.
Зимнан дар ин махзани илм рӯзномаҳои “Садои мардум”, “Ҷумҳурият”, “Народная газета”, “Минбари халқ”, “Адабиёт ва санъат”, “Халқ овози” ва маҷаллаҳои “Мероси ниёгон”, “Садои Шарқ”, “Пайванд”, “Бонувони Тоҷикистон”, “Фирӯза”, “Советская этнография”, “Вестник древней истории” инчунин “Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Ахбори Осорхонаи миллии Тоҷикистон” ва амсоли инҳо гирд оварда шудаанд.
Имрӯз бо мутобиқ намудани фаъолияти китобхонаи Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ба талаботи китобхонадорӣ шароити муосид фароҳам оварда шуд, то дар асоси талаботи муқарраргардида аҳли илму адаб аз қабили осорхонашиносон, таърихшиносон, роҳбаладон, устодону донишҷуён, пажуҳишгарон аз он ба таври васеъ истифода намоянд.