РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегарданд

Аз 31 октябр то 6 ноябр Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд.Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар доданд.

Пеш аз оғози ин маъракаи фарҳангӣ мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар назар дошта шудааст.

Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри давлати академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир мегардад.

Дар доираи ин рӯзҳо дар кинотеатри «Ватан» намоиши филмҳои эронӣ, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон маҳфили шоҳномахонӣ, инчунин бо иштироки аҳли адаби Эрону Тоҷикистон маҳфили шеър ва дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҳунарҳои мардумии Эрон баргузор мегарданд.

Тибқи барнома, дар ин давра сафари иштирокдорони Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Ҳисор дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин дар шаҳри Хуҷанд барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони эронӣ пешбинӣ шудааст.

Меҳмонон ҳамчунин аз «Кохи Наврӯз», Китобхонаи миллии Тоҷикистон, маҷмааи «Истиқлол», Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар мавзеъҳои ҷолибу тамошобоби пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе боздид менамоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram