РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» доир гардид

Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» оғоз гардид, ки дар ҷараёни он Шоҳҷоизаи озмун ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ ба се нафар иштирокчии фаъол супорида мешавад. Инчунин ғолибони ҷойи якум бо 35 ҳазор сомонӣ, ҷойҳои дуюм бо 25 ҳазор сомонӣ ва ҷойҳои сеюм бо 15 ҳазор сомонӣ, диплом ва мукофот сарфароз мегарданд.

Бояд гуфт, озмуни мазкур тӯли чор сол аст ки аз рӯйи се номина — композиторӣ (оҳангсозӣ), сарояндагӣ, навозандагӣ доир мегардад, ки дар ҳар номина се жанр- академӣ, эстрадӣ ва анъанавӣ мавҷуд аст. Дар ҳар номина довталабон дар ду синн: аз 12 то 17 – сола ва аз 18 то 40 – сола иштирок мекунанд, ки барои ҳар жанр як ҷойи якум, ду ҷойи дувум ва ду ҷойи сеюм ҷудо гардидааст. Тибқи тағйироти имсола, дар номинаи композиторӣ довталабони синни аз 18 то 40 – сола иштирок намуданд.

Ҳамчунин имрӯз ба устодоне, ки шогирдони онҳо дар озмун ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро соҳиб шудаанд, 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ва Ифтихорнома тақдим мегардад.

Дар маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» муовини муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Вазири фарҳанги мамлакат Зулфия Давлатзода, аъзои ҳакамон, иштирокдорону водидайни онҳо ва намояндагони вазорату идораҳо, инчунин аҳли илму адаби мамлакат иштирок доранд.

Ҳамчунин дар маросим аз ҷониби ғолибони озмун беҳтарин суруду оҳанг иҷро мегарданд.

Имсол дар даври аввали озмун 3374 нафар довталабон иштирок намуда, аз ин теъдод 1323 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Аз 1323 нафар довталаб, ки дар даври дуюм ширкат варзиданд, 316 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври ниҳоӣ бино ба сабабҳои шахсӣ 20 нафари онҳо иштирок накарданд. 296 нафар дар даври сеюми озмун ширкат варзиданд, ки аз ин теъдод 78 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Озмун тӯли чор сол аст, ки бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон баргузор мегардад. Озмун ҳамчунин ба тарғиби санъати асил, боз ҳам ғанитар гардонидани фазои маънавии ҷомеаи муосир ва таҳкими унсури дунявии фарҳанги миллии тоҷик равона гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки маблағи умумӣ барои пардохти маблағи мукофоти ҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 2 540 000 (ду миллиону панҷсаду чил ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram