РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Табибони Тоҷикистону Эрон ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаро густариш медиҳанд

Аз 23 то 27 октябр Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дошт, ки зимни он ҳамкории мутақобилан судманд доир ба омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб, табодули таҷрибаи табибони ду мамлакат, ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхис ва табобат, ҳамзамон ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти коркарди гиёҳҳои шифобахш ва дигар масъалаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баррасӣ гардиданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат хабар доданд.

Дар доираи сафар Ҷамолиддин Абдуллозода бо Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Баҳром Айнуллоҳӣ мулоқот намуд. Зимни суҳбат Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки «дар Тоҷикистон соҳаи ҳифзи солимии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти давлат ба шумор рафта, дар даҳсолаи охир ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст. Ин аз сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Дар айни замон теъдоди муассисаҳои тандурустии давлатӣ ва бунёди бунгоҳҳои саломатӣ бештар гардидааст. Инчунин фавти модарон ва кӯдакон хеле коҳиш ёфтааст, ки яке аз дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолии мамлакат мебошад».

Зикр шуд, ки ин вохӯрӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти омӯзиш, бозомӯзӣ, иштирок дар чорабиниҳои илмию амалии якдигар, машварат ва гуфтугӯ мусоидат менамояд.

Ҳамчунин дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо роҳбарияти Донишгоҳи улумипизишкӣ ва илми Машҳад, Донишгоҳи улумипизишкии ба номи Шаҳид Биҳиштӣ ва Донишгоҳи улумипизишкии шаҳри Шероз мулоқот намуд.

Зимни вохӯриҳо ҳамкории муассисаҳои олии таълимии ду мамлакат мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар ин самт якчанд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram