РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Маҳфили шеъри шоирони Тоҷикистону Эрон оғоз шуд

Имрӯз дар чаҳорчӯби Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон дар толори калони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили шеъри шоирони Тоҷикистону Эрон барпо гардида истодааст. Дар ин бора аз хабарнигори мо аз макони баргузории маҳфил хабар дод.

Дар маҳфил раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадмеҳдӣ Исмоилӣ, намояндагони сафоратҳо ва аҳли фарҳанги ҳар ду кишвар иштирок доранд.

Ёдовар мешавем, ки 31 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ маросими Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд ва то 6 ноябр идома меёбанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram