РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар маҷаллаи бонуфузи «Diplomatic World» мусоҳибаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба табъ расид

Дар шумораи 69-уми маҷаллаи машҳуру бонуфузи «Diplomatic World» чопи  Брюссел мусоҳибаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мавриди муҳимияти роҳандозии ҳамкории байнипарлумонӣ ва дастоварду пешравиҳои пойтахти мамлакат ба табъ расид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳамчунин дар маҷалла оид ба имкониятҳои рушди сайёҳии устувор дар кишвар, Эъломияи ниҳоии Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ҷо дода шудаанд.

Ҳамзамон ба мақсади таблиғу ташвиқ ва ҷалби бештари доираҳои ҳавасманд ҷиҳати иштирок дар Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мақола зери унвони «Конфронси оби СММ 2023: дигаргунӣ барои ҷаҳон» (2023 UN Water Conference: A watershed moment for the world) чоп гардидааст.

Шакли электронии шумораи 69-уми маҷаллаи «Diplomatic World»-ро метавон аз тариқи торнамои зерин мутолиа кард: https://www.yumpu.com/en/document/read/67315195/diplomatic-world-69

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram