РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Олмон баррасӣ шуд

1 ноябр муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Душанбе Андреас Протманнро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ миёни ду кишварро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, муҳитзистӣ ва дигар соҳаҳо баррасӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон 28 феврали соли 1992 барқарор шуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов мебошад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн мебошад.

Ташрифҳои сатҳи олии дуҷониба ба ҳамкории васеи Тоҷикистон ва Олмон замина гузоштанд. Солҳои 2003 ва 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон боздид намуданд, ки ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ ва иқтисодӣ мусоидат кард.

Омили танзимкунандаи муносибатҳои дуҷониба заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳарду кишвар мебошад. То ба имрӯз миёни Тоҷикистон ва Олмон 42 санади дуҷониба ба имзо расидаанд. Аз теъдоди мазкур 31 санад созишномаи байниҳукуматӣ, 10  санад созишномаҳои байниидоравӣ ва 1 изҳороти муштарак мебошанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram