РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бадахшон: ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи таърихии ХVI ҳамоиш доир гардид

Дар шаҳри Хоруғ бо ибтикори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 30 – солагии Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши Иҷлосияи ХVI – уми Шӯрои Олӣ дар таъмини якпорчагии миллати тоҷик ” оғоз гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.

Конференсияро узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ифтитоҳ намуд.

Дар конференсия мудири шуъбаи таърихи адабиёти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдунабӣ Сатторзода, мудири шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Абдулло Ғафуров, муовини директор оид ба илм ва таълими Институти иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисод, профессор Мирсаид Аброр Бобоевич, устоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, доктори илмҳои таърих, профессор Элбон Ҳоҷибеков, директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар баромад мекунанд.

“Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори сиёсати хориҷии нави Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Иҷлосияи ХVI — Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти таърихии он”, “Нақши шахсият дар пойдевории ҷомеаи муташаккил”, “Эмомалӣ Раҳмон ва таҳкими ваҳдату истиқлолияти Тоҷикистон” ва “Иҷлосияи ХVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сеҳри рақами 16” аз мавзӯъҳои асосӣ, ки дар кори конференсия баррасӣ мегарданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram