РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Айнӣ: бахшида ба “Иҷлосияи XVI конференсияи илмӣ-адабӣ баргузор шуд

Дар толори калони бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ – таҳкимбахши пояҳои Истиқлол” баргузор гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ хабар доданд.

Дар конференсия Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби халқии демократӣ дар ноҳия Рӯзибой Раҳимзода, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат, намояндагони занону ҷавонон ва дигар фаъолон ширкат варзиданд.

Раиси ноҳия Муқим Муродзода ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиронро ба муносибати санаҳои фархундаи дарпешистода табрику муборакбод намуд.

Пас аз садо додани Суруди миллӣ конференсия ба кори худ шурӯъ намуд. Нахуст, Раиси ноҳия суханро ба Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Рӯзибой Раҳимзода дод. Рӯзибой Раҳимзода дар мавзӯи “Нақши иҷлосия дар таҳкими сулҳу ваҳдат” суханронӣ карда, аз рӯзҳои баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб баргузор гардида, 16 рӯз идома ёфта буд, ёдовар шуда, ҳодисаҳои ҳамон солҳо ва вазъи вазнини охирҳои садаи ХХ-ро бори дигар ба хотир овард. Қайд гардид, ки маҳз пас аз интихоби дуруст дар ҳамон ҷаласаи тақдирсоз тоҷикон роҳи ояндаи худро муайян намуда, таҳти роҳбарии марди ҷасуру тавоно ва ояндасози халқу миллат ва давлати навин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муваффақиятҳои беназири таърихӣ ноил гаштанд.

Сипас, собиқадорони меҳнат Гулчеҳра Саъдуллоева Одинамуҳаммад Ниёзқулов, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ва якчанд фаъолону занон ва ҷавонон суханронӣ намуда, дар мавзӯҳои “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI-уми таърихии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Нақши Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории миллӣ”, “Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифари заррини таърихи тоҷикон” ва амсоли инҳо баромад намуда, фикру андешаҳои худро иброз доштанд. Қайд гардид, ки санаи 19-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, худи ҳамон рӯз бо сухани кӯтоҳ, вале пурмғҳтавони худ баромад карда, зикр намуда буд, ки: “Ман кори худро аз сулҳ оғоз мекунам”. Ва чунин ҳам шуд. Ӯ ба мо сулҳ овард!

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram