РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Осорхонаи миллӣ таҳти унвони “Нақши Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ” намоиш ифтитоҳ гардид

3 ноябр дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ба ифтихори 30-юмин солгарди “Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳти унвони “Нақши Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ” намоиш ифтитоҳ гардид.

Дар ифтитоҳи намоиш Директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» Иброҳимзода Зафаршо, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, Раиси Шӯрои куҳансолони Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Авзалов Ғайбулло, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Далер Абдулло, муовини сармуҳаррири нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — рӯзномаи «Ҷумҳурият» Сангмамадова Моҳира, муовини директори муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» Маҳмудов Гадобег, иштирокчиёни Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон иштирок намуданд.

Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ мусаввараҳо, нигораҳо аз раванди Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ, аксҳои таърихӣ, китобу маҷаллаҳо пешниҳод шудаанд, ки ҳамагӣ аҳамияти таърихӣ ва тарбиявӣ дошта, аз раванди Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ ва хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисса мекунанд.

Намоиш аз гӯшаи аксҳои таърихӣ оғоз мегардад, ки дар аксҳо раванди иҷлосия аз ҷониби суратгир Бобоҷонов И.М. аксбардорӣ шудаанд. Сипас нигораҳо аз ҷараёни Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ, аз ҷумла нахустин Парчами давлатӣ, ки 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ қабул ва тасдиқ гардид ва онро Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигарон бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ бӯса карданд, ҳамчун ашёи нодири таърихӣ ба намоиш бароварда шудааст.

Инчунин дар намоиш асарҳои офаридаи рассомон Ҷураев Ғ. “Савганди ҷовидонӣ”, Рабиев О. “Сулҳ — мақсади асосӣ!”, Ғаюров Б. “Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Ғаюров К. “Симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”, Абдуқодиров М., Раҳимов Р. “Симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”, Фозилов Р. “Дуои модар” ва “Президент” пешниҳод шудаанд.

Ҳамзамон дар намоиш тавассути оинаи нилгун филмҳои мустанад оид ба Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, ки аз раванди ин иҷлосияи тақдирсози кишвар қисса мекунанд.

Намоиши ҷашнӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди “Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Осорхонаи миллӣ то санаи 30.11.2022 идома меёбад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram