Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи мутолиоти байналмилалии Теҳрон ҳамоиш таҳти унвони «30 соли равобити Точикистону Эрон ва дурнамои он» баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҳамоиши мазкур ходимони илму фарҳанг, намояндагони Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва васоити ахбори оммаи эронӣ, инчунин ҳамватанони тоҷики муқими Эрон ширкат варзиданд.
Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода, раиси Муассисаи мутолиоти байналмилалии Теҳрон Обид Акбарӣ, мудири кулли Маркази дипломатияи умумӣ ва расонаии Вазорати умури хориҷаи Эрон Алиризо Дилхуш, пажӯҳишгар ва тоҷикшиноси маъруфи эронӣ Нодир Каримиёни Сардаштӣ ва дигарон дар суханрониҳои худ вазъи равобити Тоҷикистону Эрон дар сӣ соли гузашта ва шебу фарозҳои онро мавриди баррасӣ қарор дода, андешаву пешниҳодҳояшонро доир ба роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвари дӯст баён карданд.
Дар ҳошияи ин чорабинӣ аксҳо аз маконҳои сайёҳӣ ва таърихии Тоҷикистон, ки бозгӯкунандаи зарфиятҳои сайёҳии кишвар ҳастанд, ҳамчунин китобҳои Пешвои миллат ва осори адибону шоирон ва олимони тоҷик ба забонҳои форсиву англисӣ ба маърази намоиш гузошта шуданд.