РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ифтитоҳи Осорхона ва пайкараи Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз

7 ноябр бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз осорхона ва пайкараи Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Зимни кушодани он ба Сарвазири мамлакат иттилоъ доданд, иншооти мазкур дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35 — солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст бо харҷи 4 миллион сомонӣ, барои арҷгузорӣ ба шахсияти устод Мӯъмин Қаноат сохта гардидаст.

Пайкараи шоир дар баландии 4 метр ҷойгир шуда, гирдогирди он бо санги мармари истеҳсоли корхонаҳои саноатии ноҳия оро ва сабзу хуррам гардонда шудаст.

Дар осорхона тамоми масъули дасти устод, асарҳои гаронбаҳо, аксу мусаввараҳои таърихӣ бо чеҳраҳои шинохтаи кишвар, мукофотҳои давлати ҷамъиятӣ, ки аз фаъолият ва эҷоди устод Мӯъмин Қаноат нақл мекунанд, ҷой дода шудаанд.

Дар назди пайкараи шоир Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ҳайати расмиро ҳунармандони ноҳия бо композитсияи адабӣ, ки аз эҷоди эҷодиёти Мӯъмин Қаноат гулчин шудаст, пешвоз гирифтанд.

Зимни боздид аз осорхона Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба сохтмони он баҳои баланд дода, онро намунаи олии сиёсати маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвон кард. Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода чун нишони эҳтиром дар китоби меҳмонони фахрӣ соядаст гузошт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram