РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Магнус Магнуссон аз Осорхонаи миллӣ дидан намуд

8 ноябр Магнус Магнуссон — иҷрокунандаи вазифаи Директори Дафтари кластерии ЮНЕСКО дар Алмаато барои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон дар доираи сафари хеш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи миллӣ дидан намуд. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, меҳмононро директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо ва дигар шахсони масъул пешвоз гирифта, ба онҳо аз ҷониби роҳбалад сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд.

Ба меҳмонон таърихи куҳани халқи тоҷик дар мисоли бозёфтҳои ёдгориҳои “Асри санг”, “Саразм”, “Оини Зардуштӣ”, “Ҳахоманишиҳо”, “Тахти Сангин”, “Кушониён”, “Сосониён”, “Ҳайтолиён”, “Панҷакенти Қадим” “Аҷинатеппа”, “Сомониён” толорҳои “Кулолгарӣ”, “Сиккаҳо”, “Истиқлолият” ва “Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” муаррифӣ карда шуданд. Ба ин восита, меҳмон бо таърихи куҳан, фарҳанги пурғановати миллати тоҷик ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наздик шинос шуданд.

Пас аз анҷоми сайри осорхонавӣ Магнус Магнуссон — иҷрокунандаи вазифаи Директори Дафтари кластерии ЮНЕСКО дар Алмаато аз боздиди толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, ҳамчун анъана дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ андешаҳояшро дарҷ намуд.

Маврид ба зикр мебошад, ки аз ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон ягона ёдгории таърихӣ – Саразм соли 2010 ба Феҳристи ёдгориҳои умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудааст. Айни ҳол як қатор ёдгориҳои таърихии дигари кишвар барои ворид шудан ба ин ниҳоди байналмилалӣ пешниҳод гардида, дар раванди омӯзиш қарор доранд.

Давоми ду соату сӣ дақиқа тамошо намудани Магнус Магнуссон — иҷрокунандаи вазифаи Директори Дафтари кластерии ЮНЕСКО дар Алмаато барои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон аз Осорхонаи миллӣ имкони муосид фароҳам овард, то ёдгориҳои кишвар дар сатҳи шоиста муаррифӣ карда шаванд.

Умед аст, ки дар заминаи муаррифиҳои манфиатбахш дар солҳои наздик дигар ёдгориҳои кишвар ба Феҳристи ёдгориҳои умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram