РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Китобхонаи миллӣ озмуни адабии “Тоҷикистон-Русия дар оинаи китобхонаҳо” ҷамъбаст гардид

Дар Китобхонаи миллӣ озмуни адабии “Тоҷикистон- Россия дар оинаи китобхонаҳо” ҷамъбаст ва ғолибонаш бо мукофотҳои хотиравиву сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Ҷамъбасти озмун

Азиз Азиз, яке аз ҳакамони ин сабқат гуфт дар панҷ сол дар Тоҷикистон як нависандаи кӯдак пайдо шавад, муваффақият аст. Аз ҳикояҳое, ки пешниҳод шуданд, як ҷумлаи нав, як фикри нав, як ҳикмате пайдо кунонда, 6 нафарро ғолиб донистем. Бо вуҷуди ин ки дар низомнома навишта шуда буд, на ҳама фаҳмиданд, ки низомнома чӣ талаб дорад. Баъзеҳо мақола навиштанд, масалан дар Тоҷикистон ҳамин хел ҳайвонот ҳастанд, ҳаммин хел парандагон ҳастанд, мо бояд онҳоро ҳифз кунем ва ғайра.

Озмуни адабии “Тоҷикистон- Россия дар оинаи китобхонаҳо” дар доираи ҳамкориҳои судманд ва маърифатпарварона бо иқдоми Агентии федералӣ оид ба Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ҳамватанони муқими хориҷ ва Анҷумани шахсиятҳои ҳунарӣ, фарҳангӣ ва маърифатии масъули ҷалби кӯдакон ба хониш “Хонанда мепарварам”, китобхонаи давлатии кӯдаконаи Русия баргузор шуда буд.

Ҷамъбасти озмун

Дар ҷамъбасти озмун Шукронаи Рустам, Ғанизода Фараҳноз, Нурияи Толибҷон, Нозанини Шӯҳрат, Зулҳия Каримова ва Муслима Шарифова барои тарғибу ташвиқи анъанаи китобхонӣ байни насли навраси Китобхонаи миллӣ сазовори ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram