РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Тоҷикистон 124 нафар фарзандони мансабдорон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷалб гардиданд

Ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҷалб намудани фарзандони шахсони мансабдор рӯз то рӯз зиёд мешавад. Тибқи маълумоти комиссияҳои даъватӣ ва комиссариатҳои ҳарбӣ, ба ҳолати 30 октябр аз оилаҳои мансабдорон ва дигар кормандону хизматчиёни давлатӣ 124 нафар даъват ва ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шуданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Прокуратураи   генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар даъвати тирамоҳии соли 2021 аз оилаҳои мансабдорон ва дигар кормандону хизматчиёни давлатӣ 299 нафар ва дар даъвати баҳории имсол 120 нафарро ба хизмати ҳарбӣ сафарбар кардаанд, ки 19 нафарашон фарзандони кормандони прокуратура мебошанд. Миёни 124 нафари ба хизмати ҳарбӣ ҷалбшуда фарзандони раисони шаҳру ноҳияҳои Файзобод, Тоҷикобод, Рашт, Бохтар, сардори шуъбаи муҳосибот ва молияи Прокуратураи генералӣ, прокуророни ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Муъминобод ва прокурори ҳарбии гарнизони шаҳри Кӯлоб ҳастанд.


Бояд зикр намуд, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрвандон аст. Дар айни замон уҳдадории ҳарбии шаҳрвандон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» амалӣ шуда истода, пурранамоии сафи Қувваҳои мусаллаҳ бо даъватшавандагони ҷисман солим, соҳибмаълумот ва соҳибкасб таъмин гаштааст. Қонуни зикршуда ва фармонҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ҳамаи шаҳрвандони синни даъватиро уҳдадор менамояд, ки дар навбати аввал қарзи худ- хизмат ба Модар-Ватанро адо намоянд.

Дар ин замина шумораи шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ менамоянд, сол то сол кам шуда, сафи шаҳрвандоне, ки хоҳиши ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафтан доранд, зиёд мегардад. Ҷавонон дар асоси даъватнома ихтиёран ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир шуда, ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мешаванд

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram