РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Озмуни ҷумҳуриявии “Чароғи ҳидоят” ҷамъбаст шуд

8 октябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи давлатии бачагонаи ба номи М. Миршакар” Озмуни ҷумҳуриявии китобхонаҳо таҳти унвони “Чароғи ҳидоят” бахшида ба 30-солагии баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари ҷумҳурӣ баргузор шуд, ҷамъбаст гардид. Дар ин бора ааз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, озмун дар се давр доир шуда, ба даври ниҳоӣ 24 китобхонаҳои ҷумҳурӣ роҳхат гирифтанд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф иштирок намуда, ғолибони даври ниҳоии озмунро табрику таҳният гуфт.

Мавсуф ба китобу китобхонӣ рӯй овардани мардуми кишварро яке аз ташаббусҳои хирадмандонаю фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат арзёбӣ намуда, дар идомаи сухани хеш зирк кард, ки имрӯзҳо баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” ва “Ҷароғи ҳидоят” маҳз бо ташаббусу ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардиданд, ки ҷавонону наврасон ва аҳли кишварро водор месозад, то рӯй ба китобу китобхонӣ оранд. Вақте пиру барнои кишвар ба китоб рӯй меорад, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки пешравию муваффақиятҳои беназире ин миллату ин давлатро интизор аст. Ҳарчанд имрӯзҳо бо тараққиёти илми техника таваҷҷуҳ ба китоб каме коста гардидааст, вале китоб хонандаи асили худро гум накардааст. Хондани китоб ба кас руҳу равони тоза, як ҷаҳон ғизои маънавӣ ато мекунад.

Сипас, дар фазои тантанавӣ ба ҳайати ҳакамони озмун Ғуломзода Қурбон директори нашриёти Ирфон, Нодиров Сайзароб директори АМРСБК “Хонаи китоби Тоҷикистон, Сафарзода Ҳусайн директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ба номи М. Миршакар, Абдураҳимзода Идрис директори Филармонии давлатии бачагонаи Тоҷикистон бо Сипосномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Дар номинатсияи “Беҳтарин китобхонаи ноҳиявӣ” Китобхонаи марказии ноҳияи Дӯстӣ сазовори ҷои якум, Китобхонаи марказии ноҳияи Спитамен, Китобхонаи марказии ноҳияи Нуробод ҷои дуюм, Китобхонаи марказии ноҳияи Роштқалъа, Китобхонаи марказии ноҳияи Тоҷикобод ва Китобхонаи марказии ноҳияи Рашт соҳиби ҷои сеюм гардиданд.

Дар номинатсияи “Беҳтарин китобхонаи шаҳрӣ” Китобхонаи марказии шаҳри Турсунзода сазовори ҷои якум, Китобхонаи марказии шаҳри Кулоб, Китобхонаи марказии шаҳри Гулистон ҷои дуюм, Китобхонаи марказии шаҳри Ваҳдат, Китобхонаи марказии шаҳри Бохтар ва Китобхонаи марказии шаҳри Истаравшан сазовори ҷои сеюм шуданд.

Дар номинатсияи “Беҳтарин китобхонаи вилоятӣ” Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирии вилояти Суғд сазовори ҷои якум, Китобхонаи вилоятии оммавии ВМКБ, Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳии вилояти Суғд ҷои дуюм, Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи С. Айнӣ, Китобхонаи вилоятии бачагонаи ВМКБ ва Китобхонаи вилоятии бачагонаи шаҳри Кулоб сазовори ҷои сеюм гардиданд.

Шоҳҷоизаи озмун ба Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин сазовор дониста шуд.

Ғолибон бо мукофотҳо ва ҷоизаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Дар анҷоми чорабинӣ барои фароғати иштирокчиён барномаи ҳунарии наврасони Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон тақдим гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram