РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳукумати Тоҷикистон то имрӯз барои мақомоти корҳои дохилӣ 400 иншооту биноҳои нав сохтааст

Аз ҷониби Ҳукумати  мамлакат то имрӯз барои мақомоти корҳои дохилӣ 400 иншооту биноҳои нав сохта, ба истифода дода шудаанд. Ин маълумот дирӯз зимни суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи қисми ҳарбии Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тазаккур дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Мавриди зикр аст, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳкими асосҳои моддиву техникии ин сохтори бонуфуз, ба хизмат ҷалб кардани кормандони баландихтисос ва содиқ ба давлату миллат, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва хизматии ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Илова бар ин, дар доираи ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дастгирии ятимон, бепарасторон ва оилаҳои камбизоат, барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эътимод ба давлату миллат тарбия кардани онҳо Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб ва бо мақсади бо кадрҳои соҳибмаълумот таъмин намудани Хадамоти давлатии оташнишонӣ Коллеҷи оташнишонӣ – техникии вазорат таъсису бунёд гардида, ҳоло дар онҳо садҳо нафар наврасону ҷавонон таҳсил карда истодаанд.


Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 9 ноябр дар арафаи Рӯзи милитсияи тоҷик Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат бинои қисми ҳарбии Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити будубоши хизматчиёни ҳарбӣ шинос шуданд.


Бояд гуфт, ки соли 2011 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он 10 ноябр Рӯзи милитсия эълон гардид. Аз ҳамон сол инҷониб ҳамасола 10 ноябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик дар саросари кишвар таҷлил мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram