9 ноябр як гурӯҳ хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Темурмалик, ки бо мақсади шиносӣ бо дастовардҳои замони истиқлол, маконҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар пойтахт қарор доштанд, аз Осорхонаи миллӣ дидан намуданд. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.
Дар толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ хонандагон бо осори ба мерос гузоштаи ниёгони тоҷикон аз наздик шинос шуда, аз муҳимтарин дастовардҳои замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ гардиданд.
Роҳандозӣ намудани чунин тадбирҳо дар баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии наврасону ҷавонон, эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ таъсирбахш мебошад.