Шуруъ аз пагоҳ, 11 ноябр, бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи Шӯои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои телевизионии мамлакат филмномаҳои Пешвои миллат намоиш дода мешаванд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Аз ҷумла филмҳои «Эмомалӣ Раҳмон – марде аз сарнавишт» дар ду қисмат, «Эмомалӣ Раҳмон – марди роҳ», «Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ» дар се қисмат ва «Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори давлати навини тоҷикон» дар се қисмат дар шабакаҳои телевизони намоиш дода мешаванд.
Филмҳои мазкур вазъи мураккаби сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоиии мамлакатро дар оғози солҳои 90-ум, баргузории Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олӣ ва қабули қарорҳои таърихӣ, кӯшишҳои роҳбари ҷавони давлат дар роҳи муътадилгардонии вазъи сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ ба Ватан, гирифтани пеши роҳи хунрезӣ, барқарор сохтани сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоии давлат ва миллати тоҷикиро бо азму иродаи қавию устувори роҳбарӣ инъикос менамоянд.
Ҳамарӯза филмҳои болозикр тавассути Телевизиони Тоҷикистон соатҳои 13:00 ва 21:30, ТВ Сафина — 08:00 ва 17: 00, ТВ Ҷаҳоннамо — 06:00 ва 15:00 ва ТВ Синамо — 10:00 ва 19:00 манзури тамошобинон карда мешаванд.