РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конгресси 8-уми ҷаҳонӣ алайҳи ҳукми қатл

Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии вазири адлия Музаффар Ашуриён ва ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода дар кори Конгресси ҳаштуми умумиҷаҳонии мубориза бо ҳукми қатл, ки аз 15 то 18 ноябри соли 2022 дар шахри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Германия баргузор шуда истодааст, сафарбар шуданд.

Конгресси умумиҷаҳонии зидди ҳукми қатл бузургтарин платформаи муборизабарандагон мебошад, ки беш аз ҳазор иштирокчӣ, аз 130 миллатро аз 90 кишвари ҷаҳон муттаҳид мекунад.

Масъулини сиёсиву давлатӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалӣ, фаъолон, ҷавонони тамоми ҷаҳон барои баррасии масъалаи лағви ҳукми қатл, ки то ҳол дар тамоми панҷ қитъа олам татбиқ мешавад, ҷамъ меоянд.

Вазири адлия, Музаффар Ашуриён дар маросими ифтитоҳи Конгресс суханронӣ намуда, аз дастовардҳои ҷумҳурӣ дар самти гуманизатсияи қонунгузории ҷиноӣ пас аз эълони мораторий дар бораи ҳукми қатл аз ҷониби Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2004, ба таври муфассал маълумот дод. Мораторий, ки аз лаҳзаи эълон шуданаш эътибор пайдо кардааст, бо ҳеҷ як муҳлат маҳдуд намешавад ва барои муҳлати номуайян амал мекунад.

Махсусан зикр гардид, ки Тоҷикистон дар қатори 123 давлати ҷаҳон аз қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 16 декабри соли 2020 «Мораторий ба истифодаи ҳукми қатл» ҷонибдорӣ кард.

Дар фарҷоми суханронии худ, вазири адлия, Музаффар Ашуриён, ҳозиринро аз нияти кишвар барои таҳияи механизми ҳалли масъалаҳои марбут ба лағви ҳукми қатл бо ҷалби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони байналмилалӣ итминон дод.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram