РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Истаравшан: 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид

15 ноябри соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дар доираи ҷашни 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистоп ва ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан хабар доданд.

Дар чорабинӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, Роҳбари гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истиқболи сазовори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз, зиёиён, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои сохторӣ, кормандони соҳаҳои мухталифи шаҳр, собиқадорон, ҷавонону наврасон ва фаъолон ширкат варзиданд.

Пас аз садо додани суруди миллӣ чорабинии тантанавиро раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ифтитоҳ намуда, аҳли нишаст ва кулли сокинони сарбаланди Истаравшани бостониро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистоп сидқан шодбош гуфт.

Дар идомаи суханронӣ раиси шаҳри Истаравшан иброз дошт, ки нақш ва рисолати Пешвои муаззами миллат дар давлатсозиву бунёд ва муаррифӣ намудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар таърихи халқи тоҷик бо хатҳои заррин сабт гардидаанд.

Дар идома, Роҳбари гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз суханронӣ намуда, аҳли нишаст ва сокинони шарафманди Истаравшани бостониро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфт.

Дар қисмати дигари чорабинии тантанавӣ аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаи пурмӯҳтавои идона ва рангини ҳунарӣ ки саршор аз васфи хидматҳои беназири Пешвои миллат, диёри азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол, сулҳу ваҳдат, меҳру муҳаббат ва ҳамгироӣ буд, пешкаши ҳозирин гардонида шуда, ба чорабинии ҷашнӣ ҳусну таровати тоза зам намуд

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram