РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи сафири Аргентинаро қабул кард

21 ноябри соли 2022 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Аргентина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Леополдо Франсиско Саҳоресро қабул кард. Дар ин бора аз Вазоарти корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Аргентина, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, башардӯстона ва ҳамкориҳои ду кишвар дар созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ сафири Аргентинаро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram