РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Директори Хадамоти разведкаи берунии Федератсияи Россия Сергей Наришкинро, ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори Хадамоти разведкаи берунии Федератсияи Россия Сергей Наришкинро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот дар доираи шарикии стратегии ду давлат маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба таъмини амният баррасӣ гардид.

Дар ин зимн ҷонибҳо ба ҳамкории Тоҷикистон ва Россия дар ҷодаи хадамоти махсус, ки тӯли таърихи 30-солаи робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Россия ба таври мунтазам рушд ёфтаанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Ба ин манзур муҳиммияти таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, бахусус қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар намудҳои таҳдидҳо ба амнияти миллӣ таъкид гардид.

Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамоҳангиҳои минбаъдаи амалҳоро дар самти муқовимат ба хатарҳои мавҷуда, ки аз ҷумла бо тамоюлҳои паҳншавии идеологияи тундгароии динӣ алоқамандӣ доранд, муҳокима намуданд.

Қазияи Афғонистон низ дар маркази диққат қарор дошт.

Дар рафти суҳбат атрофи дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram