РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон ҷараён доранд

23 ноябр дар шаҳри  Ашқобод дар толори Кохи мукамҳои Маркази фарҳангии давлатии Туркманистон маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ва шаҳомати хос баргузор шуд. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон хабар доданд.

Рӯзҳои фарҳангро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва Вазири фарҳанги Туркманистон Атагелдӣ Шамурадов бо суханҳои шодбошӣ ифтитоҳ карданд.

Сипас консерти бошукӯҳи устодони санъати Тоҷикистон оғоз шуд, ки дар он лауреатҳои озмунҳои байналмилалӣ, ҳунармандони мардумӣ ва хизматнишондода, сарояндаҳои маъруфи эстрадӣ, инчунин навозандагон ширкат доштанд.


Дар барномаи консертӣ ҳамчунин санъати рангоранги дастаҳои рақсии маъруфи Тоҷикистон «Лола», «Парасту» ва намоиши гурӯҳи балет, ки ба аҳли ҷомеа композитсияҳои хореографии оташангези худро пешкаш намуд, дохил буданд.

Ҷолиби диққати шаби мусиқӣ баромади сарояндагони овозадори Тоҷикистон ва ансамбли навозандагони машҳури халқ буд, ки бо санъти волои худ табъи ҳозиронро болида сохтанд.

Намоиши мӯди “Либосҳои рангоранг” ба тамошобинон фараҳи зиёде бахшид, ки дар он намунаҳои либосҳои бо услуби миллӣ дӯхташуда аз коллексияи тарроҳи маъруфи тоҷик Хуршед Сатторов ба маъраз гузошта шуд.

Дар ҳошияи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Маркази синамои Ашқобод мулоқоти синамогарони ду кишвар ва намоиши филмҳои коргардонҳои тоҷик, филми  бадеии «Туъмаи охирини шикорчӣ»-и коргардон Муҳаммадрабӣ Исмоилов ва филми бадеии «Рақси ҳаёт»-и Муҳаббат Сатторова баргузор шуд.

Инчунин дар Осорхонаи санъати тасвирии Ашқобод бахшида ба анъанаҳои фарҳангии Тоҷикистон намоишгоҳи бошукӯҳ ифтитоҳ шуд. Дар намоишгоҳ гавҳарҳои гаронбаҳо, асбоби мусиқии миллӣ,  маснуоти чӯбӣ, гулдӯзии тоқиҳои тоҷикӣ ва маҳсулоти гуногуни дастӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Дар намоишгоҳ инчунин осори рассомон ва ҳунармандони тоҷик, аксҳо ва беҳтарин маҳсулоти нашриёт, ки таъриху фарҳанги Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд, пешкаш шудаанд.

Дар намоиш намояндагони ҳукумати Туркманистон, вазорату идораҳо, аҳли ҷомеа, роҳбарон ва намояндагони намояндагиҳои дипломатии муқими Ашқобод, воситаҳои ахбори омма, устодони санъат, устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои тахассусӣ иштирок намуданд.

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон имрӯз, 25 ноябр дар шаҳри Мари бо баргузории консерти калони дӯстӣ дар Театри давлатии драмавии вилоятӣ ба номи Кемине хотима меёбанд. Дар он ҳунармандон ва устодони фарҳанги Тоҷикистон ва Туркманистон ширкат меварзанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram