28 ноябри соли 2022 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин намояндаи вежаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон Томас Никлассонро ба ҳузур пазируфт. Дари ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Гуфтугӯи судманд дар масоили марбут ба вазъи амниятӣ дар Афғонистон, инчунин ҳамкории ҷонибҳо дар самти муқовимат бар зидди терроризми байналмилалию ифротгароӣ доир гардид.
Ҳамчунин роҷеъ ба робитаҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.