РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 19-уми тарафҳои Конвенсия оид ба СИТЕС иштирок намуд

Аз 14 то 25 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Панамаи Ҷумҳурии Панама Конфронси 19-уми тарафҳои Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта (СИТЕС) баргузор гардид, ки дар он муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод Абдулқодир иштирок намуд. Дар ин бора аз кумитаи мазкур хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар доири чорабинии мазкур муҳокимаи масъалаҳо байни кишварҳо вобаста ба амалишавии Конвенсияи мавриди назар оид ба ҳифз ва савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоӣ сурат гирифта ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба татбиқи ҳамоҳангсозии сиёсати экологӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилали низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зимни иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси мазкур мавқеи кишвар вобаста ба як қатор масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ дар самти савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоиӣ иброз гардида, якчанд вохӯриҳои дуҷониба бо намояндагони Шӯрои байналмилалии шикор ва ҳифзи олами ҳайвоноти ваҳшӣ, Котиботи Конвенсияи СИТЕС, ҳайати Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва ғайра баргузор гардид.

Боиси қайд аст, ки иштирок дар ҷаласаи мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият дод, ки ҳамкориро бо Котиботи Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарор дошта мустаҳкам намояд ва ҳамкориҳои байналмилалиро вобаста ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нав вусъат бахшад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram