РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Китобхонаи миллӣ китоби “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик” рӯнамоӣ гардид

28 ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон рӯнамоии китоби “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик” баргузор шуд, ки дар он зумрае аз донишмандон, муҳаққиқон, рӯзноманигорон ва кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок намуданд. Дар ин бора аз китобхонаи мазкур хабар доданд.

Дар маросими рӯнамоӣ ёдоварӣ шуд, ки 30 сол муқаддам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гирифтани вазифаи муҳимтарину аввалиндараҷаи Сарварии давлат, раиси Шӯрои Олӣ дар ин ҷаласаи воқеан ҳам тақдирсоз барои бунёди пойдевори устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол иқдомҳои заруриро роҳандозӣ намуданд.

Дар рӯнамоии китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик» Академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов, узви Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Носирҷон Салимӣ, Директори Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Хайриддин Усмонзода, Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, профессор Муҳаммаддовуд Саломиён, Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Шариф Раҳимзода, директори Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файзализода, профессори кафедраи адабиёти классикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нуралӣ Нурзод, сармуҳаррири рӯзномаи “Минбари халқ”, номзади илмҳои филологӣ Бахтиёр Ҳамдамов ширкат ва суханронӣ намуданд.

Профессор Файзализода

Кароматулло Олимов ва Носирҷон Салимӣ

Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик

Маврид ба ёдоварист, ки китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик» ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии фаъолияти сиёсиву давлатии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бахшида шуда, аз ҷониби нашриёти «Ношир» бо дастгирии раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар нашр гардидааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram