Бино ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабинӣ аз 30-юми ноябр то 2-юми декабр идома ёфта, дар Маҷмӯи миллии намоишгоҳи «Ӯзэкспомарказ» доир мегардад. Дар он ҳунармандон аз минтақаҳои Осиёи Марказӣ ширкат мекунанд. Тоҷикистонро дар ин ярмарка Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода ва ширкати сайёҳии «Артуч» намояндагӣ дорад.
Дар ин ҷо шумо метавонед бо маҳсулоти ҳунармандони тамоми манотиқи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ҳамсоя шинос шавед.
Инчунин, дар доираи ярмарка дарсҳои маҳорат оид ба ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда мешаванд.