РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Кумаки навбатии башардўстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон

Имрӯз 01.12.22 бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки дар натиҷаи офатҳои табии селу обхезиҳои шадид моҳҳои охир хисороти зиёди ҷонию иқтисодӣ дидаанд, кумаки навбатии башардўстона фиристода шуд.

Вобаста ба буҳрони шадиди иқтисодию иҷтимоӣ, талафати ҷонӣ, норасоии маводи ғизот, вазъи мураккаби эпидемилогӣ ва афзоиши хуруҷи бемориҳои сироятӣ дар байни зарардидагони офатҳои табии дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармоиши Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода қабул гардида, дар асоси он ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон кумаки башардӯстона ҷудо карда шуд.

Кумаки башардӯстона аз маводи ғизоӣ, сузишворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи зарурии санитарию шустушўйӣ дар ҳаҷми наздик ба 5000 тонна, аз ҷумла аз 300 тонна орд, 20 њазор литр равғани растанӣ, 100 тонна гандуми истеъмолӣ, 100 тонна биринҷу макарон, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1500 тонна ангиштсанг, 2000 тонна семент, 5000 ҳазор дона шифер, 100 метри мукааб тахта ва беш аз 40 тонна собуни хоҷагӣ иборат буда, маблағи 19 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медишад.

Тибқи дастури Пешвои миллат сохторҳои дахлдори мамлакат барои то қаламрави Ҷумҳурии Исломии Покистон расонидани кумаки ҷудогардидаи башардӯстона вазифадор карда шуданд.

Хотиррасон мешавем, ки моҳи сентябри соли равон низ бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз офтаҳои табии зарардидаи Ҷумҳурии Исломии Покистон кумаки башардӯстона иборат аз 500 тонна орд, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1000 тонна ангиштсанг, 1000 тонна семент ва 2000 дона шифер дар маҷмуъ беш аз 3000 тонна ба маблағи 12 миллиону 200 ҳазор сомонӣ дастрас карда шуда буд.

Таъкид бояд кард, ки ин тадбир идомаи сиёсати башардўстонаи хориҷии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар рўзҳои душвору вазъи мураккаби иқтисодию иҷтимоӣ дастгиру кумакрасони давлат ва мардуми дўсту бародари Покистон будани роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми тољикро собит менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram