РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сироҷиддин Муҳриддин ва Ҳелга Шмид оид ба Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд

Имрӯз дар шаҳри Лодз дар ҳошияи иҷлосияи 29-уми Шӯрои вазирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли САҲА Ҳелга Шмид вохӯрӣ намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои умдаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва САҲА, аз ҷумла вазъ дар минтақа ва Афғонистон, мубориза бо терроризм, ҳамкорӣ дар масъалаҳои обу иқлим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар анҷоми мулоқот Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА оид ба Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба имзо расид.

Тавре қаблан додем, 1 декабр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар кори ҷаласаи 29-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки таҳти раёсати Лаҳистон дар шаҳри Лодз оғоз шудааст, ширкат ва суханронӣ намуд.

С. Муҳриддин мавқеи Ҳуқумати кишварро нисбат ба масъалаҳои умдаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби се ченаки фаъолияти САҲА – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ ироа намуда, ба зарурати андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати таҳкими амният дар паҳнои САҲА таъкид намуд.

Роҳбари ҳайати Тоҷикистон инчунин доир ба чолишҳои умдаи ҷаҳони муосир, аз қабили мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддиру аслиҳа ва мушкилиҳои марбут ба тағйирёбии иқлим изҳори назар кард.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram