РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Душанбе: Таҳти унвони “Нақши ВАО дар таблиғи ғояҳои созандаи ҲХД-и Тоҷикистон” ҳамоиш баргузор шуд

Бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши ВАО дар таблиғи ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” дар толори МДТ “Литсейи № 4 барои хонандагони болаёқат” – и шаҳри Душанбе бо иштироки Ширинбекзода Садриддин-мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Муродов Ҷурабек – муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Каримзода Нилуфар — Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Шамсиддинзода Садриддин – вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур, Валаматзода Темур — аввалин Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, намояндагони Васоити ахбори омма ва раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.

Нахуст, чорабинии мазкурро Каримзода Нилуфар — Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ифтитоҳ намуд.

Зимнан, иштирокчиён дар баромадҳои худ қайд карданд, ки ҲХДТ таҳти сарварии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои наҷиб ва шоиста бобати таъмини зиндагии шоистаи мардум, инкишофи озодона ба ҳар шаҳрванд, рушди ҳамаҷонибаи давлатдории миллӣ, тарғиби идеологияи солими миллӣ, тарбияи хештаншиносиву ватанпарастӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии Ватан саҳми муносиб дорад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram