РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Боздиди муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон аз Осорхонаи миллӣ

4 декабр муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Конуспаев Ермухамбет Болатпекович дар доираи сафари хеш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамроҳии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Туреханов Валихан аз Осорхонаи миллӣ дидан намуданд. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.

Меҳмононро директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо ва дигар шахсони масъул пешвоз гирифта, ба онҳо аз ҷониби роҳбалад сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд.

Ба меҳмонон дар шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёнаи Осорхонаи миллӣ таърихи куҳани халқи тоҷик дар мисоли бозёфтҳои ёдгориҳои машҳури кишвар муаррифӣ карда шуданд. Ба ин восита, меҳмонон бо таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд.

Дар шуъбаи таърихи нав ва навтарин меҳмонон бо дастовардҳои замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва толори “Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ошно гардиданд.

Ҳамчунин меҳмонон ба канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таваҷҷуҳ намуда, аз шуъбаи табиати Осорхонаи миллӣ дидан намуданд. Дар ин шуъба ба меҳмонон табиати зебо, обҳои мусаффо ва канданиҳои фоиданоки кишвар муаррифӣ карда шуданд.

Пас аз анҷоми сайри осорхонавӣ муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Конуспаев Ермухамбет аз боздиди толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, ҳамчун анъана дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ андешаҳояшро дарҷ намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram