РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Филми тоҷикии «Бачаи обӣ» ду ҷоизаи фестивали «Московская премьера»-ро соҳиб гардид

Филми «Бачаи обӣ» (Water boy) дар Фестивали 4-уми байналмилалии киноҳои кишварҳои ИДМ — «Московская премьера» ҷоизаи «Беҳтарин филм» ва «Беҳтарин нақши мардона»-ро соҳиб гардид. Дар ин бора коргардони филм Файзулло Файзов хабар дод.

Ба гуфти мавсуф, филми мазкур дар бахши рақобат миёни даҳ филми хориҷӣ иштирок намуда, соҳиби ҷоизаҳо гардид.

Бояд гуфт, ки муаллифи филм Бахтиёр Худойназаров, сенариянависон Носир Раҳмон ва Файзулло Файзов мебошанд. Нақшҳои асосиро дар филм Убайдуллоҳи Омон, Меҳроҷиддин Сафар, Аҳмад Қутбиддин ва Соро Собир иҷро кардаанд.

Филми «Бачаи обӣ»-и коргардони тоҷик Файзулло Файзов дар ҷашнвораи филмҳои Авруосиё (Eurasian Film Festiva») дар Лондон ҷоизаи «Ҳусни таваҷҷуҳи тамошобин» (Audience Choice Award)-ро соҳиб гардида буд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram