РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

АП СААД оид ба роҳ надодан ба таҳияи силоҳи биологӣ изҳорот қабул намуд

Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар ҷаласаи 15-уми пленарӣ, ки 5 декабр дар Москва баргузор шуд, дар мавриди роҳ надодан ба таҳияи силоҳи биологию заҳрдор ва ҳамчунин риояи қатъии Конвенсияи силоҳи биологӣ изҳорот қабул кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти АП СААД хабар доданд.

«Мо ҷонибдории худро ба ҷаҳони аз силоҳи биологӣ озод эълон мекунем ва мақомоти давлатии кишварҳои СААД дар самти ҳамоҳангии фаъолият оид ба татбиқи бечунучарои Конвенсия дар фазои Созмон ва таҳкими заминаи қонунгузорӣ дар ин самт кӯшишҳои худро муттаҳид месозанд», — гуфта мешавад дар изҳорот.

Тавре дар санад омадааст, АП СААД нақши афзояндаи Конвенсияро «дар пасманзари чолишҳои муосир дар соҳаи амнияти биологӣ, аз ҷумла имкони истифодаи дастовардҳо дар соҳаи биотехнология бо ҳадафҳои ғайрисулҳона» зикр менамояд.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки риоя накардани ин конвенсия «метавонад боиси пайдо шудани таҳдидҳои эҳтимолии биологӣ гардад».

«Мо тарафдори катъиян риоя кардани протоколи Женева дар бораи манъи дар ҷанг истифода бурдани газҳо ва воситаҳои бактериологии нафасгиркунанда, заҳрнок ё дигари ба ин монанд аз соли 1925 ва барҳам додани шартҳо дар бораи он мебошем», — тазаккур медиҳанд намояндагони парлумонҳои кишварҳои СААД.

Инчунин тавсияҳо оид ба муқовимат ба терроризм дар иншооти маҷмааи сӯзишворию энергетикӣ қабул гардиданд. Онҳо муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳои давлатҳои СААД дар самти мубориза бо таҳдидҳои террористӣ дар иншооти сӯзишворию энергетикӣ танзим мекунанд.

Тавре раиси Комиссияи доимии АП оид ба масоили мудофиа ва амният, муовини раиси Кумитаи Думаи давлатии Россия оид ба амният ва мубориза бо коррупсия Анатолий Виборний зикр кард, лоиҳаи тавсияҳо бо ташаббуси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба энергетика таҳия гардида, иҷрокунандаи асосӣ дар таҳияи тавсияҳо ҷамъияти саҳомии «РусГидро» буд. Худи санад идомаи мантиқии фаъолият дар соҳаи мубориза бо терроризми технологӣ мебошад.

«Қабули тавсияҳо имкон медиҳад, ки механизмҳои муассири ташкилию ҳуқуқие, ки рушди минбаъдаи низоми амнияти технологиро дар кишварҳои узви СААД таъмин менамоянд, ташкил гарданд, сифати санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда баланд бардошта шавад ва сиёсати давлатӣ дар ин самт ҳадафнок гардад», — гуфт Анатолий Виборний.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласаи муштараки Шӯрои АП СААД ва ҷаласаи XV пленарии АП СААД, ки дирӯз дар Хонаи иттифоқҳо дар Москва баргузор шуд, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram