РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар қароргоҳи СММ муносибатҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистон бо ЮНЕСКО баррасӣ шуд

8 декабри соли 2022 дар шаҳри Париж дар чаҳорчӯби Ҳамоиши СММ-об оид ба обҳои зеризаминӣ дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин бо мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот С.Муҳриддин ба сатҳу муҳтавои муносибатҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистон бо ЮНЕСКО тайи солҳои роҳбарии хонум О.Азуле дар Созмон баҳои баланд дод.

Қайд гардид, ки ҳафтаи гузашта зимни иҷлоси 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Работи Подшоҳии Марокаш ду номинатсияи муштараки Тоҷикистон — «Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ» ва «Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардиданд, ки ин иқдоми муҳиме барои ҳифзу оммавигардонии мероси ниёгон, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги ғанию қадимаи мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram