РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ДДОТ: бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

Дар таърихи 8-уми декабри соли равон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ ва кафедраи ҳуқуқи факултети таърих ва ҳуқуқ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон таҳти унвони “Масъалаҳои назарии забоншиносии муқоисавӣ-типологӣ, тарҷумашиносӣ ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ” конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур хабар доданд

Кори кофренсияро муовини ректор оид ба корҳои илмии донишгоҳ, профессор Дониёр Сангинзод ифтитоҳ намуда, сухани муқаддимавии ректор, профессор Аҳлиддин Ибодуллозодаро қироат намуд. Сипас, дар кори конференсия директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Холиқзода Абдураҳим Ғафор таҳти унвони “Ҳуқуқи инсон ҳамчун арзиши олӣ дар давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд”, ректори филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе, доктори илмҳои филология Зайниддин Мухторов дар мавзӯи “Вижагиҳои соҳавии татбиқи барномаи давлатии омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ”, профессори кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ Олимҷон Қосимов дар мавзӯи “Истифодаи нави усулҳои таълим дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ” маърӯзаҳои хешро ироа намуданд. Дар ниҳояти даври нахусти ҷаласа аъзои гурӯҳи ҳунарии “Чеҳранамо” табъи ҳозиринро бо суруду мусиқии ҷолиб хуш намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram