РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Корманди радиои «Фарҳанг» ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол” шуд

Китоби нависандаи хушном, корманди радиои “Фарҳанг” Маҷид Салим — “Саги кӯр” дар номинатсияи «Насри бачагона»-и Озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол” соҳиби ҷои аввал гардид.

Маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол — 2022» 15 декабри соли 2022 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Озмун аз рӯйи шаш номинатсия: назм, наср, публисистӣ, назми бачагона, насри бачагона ва тарҷумаи бадеӣ доир гардида, ғолибон бо мукофотҳои пулӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз шуданд.

Маҷид Салим нависандаест, ки табиатро шинохтааст ва дар эҷодиёти худ ба фалсафаи зиндагии башарӣ дар он пардохтааст. Ӯ дар навиштаҳояш аз мушкилоте сухан мегӯяд, ки имрӯз дарди ҷомеаи ҷаҳонист. Адиби табиатшинос муаллифи асарҳои зиёди бадеӣ дар мавзуи ҳифзи олами ҳайвонот мебошад. Асарҳои ӯ аз қиссаю ҳикоя ва очеркҳо иборат буда, фарогири умдатарин мавзуъҳои табиат аст. Зиндагии пуртазод, муносибати инсон ба табиату ҷонварон, ҳифзи табиати зинда ҳадафи асосии эҷодиёти адиб буда, хонандаро ба муносибату садоқат ва эҳтироми вақт ҳидоят мекунад. Маврид ба таъкид аст, ки Маҷид Салим ҳоло дар Тоҷикистон ягона адибест, ки табиат ва олами ҳайвоноту набототро мавзуи асосии эҷоди худ қарор додаву дар ин росто хеле муваффақ ҳам гаштааст.

Маҷид Салим соли 1960 дар деҳаи Файзободи ноҳияи Москва, ҳоло ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар хонадони омўзгор ба дунё омадааст. Ӯ соли 1987 факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии шаҳри Кўлоб, баъдан факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии омўзгории ба номи С. Айнии шаҳри Душанберо бо баҳои аъло хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро дар рўзномаи ноҳиявии «Зафар»-и ноҳияи Москва ба ҳайси ходими адабӣ сар карда, пас дар нашрияҳои гуногун аз қабили рўзномаи «Коммунисти Ховалинг»-и ноҳияи Ховалинг ва рўзномаи вилоятии «Роҳи ленинӣ»-и собиқ вилояти Кўлоб идома додааст. Соли 1994 ходими илмии боѓи ҳайвоноти шаҳри Душанбе буд ва соли 1998 ба ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» даъват шуда, дар вазифаи мудири шуъба ва баъдан муовини сармуҳаррир фаъолият намудааст. Солҳои 2000-2002-юм мудири шуъбаи насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъин мешавад. Ў солҳои 2003-2015 вазифаи раисии хазинаи адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба уҳда дошта, ҳамзамон муаллиф-барандаи доимии барномаи телевизионии «Инсон ва табиат» дар “Телевизиони Тоҷикистон” буд. Солҳои 2015-2017 мудирии шуъбаи очерк ва публитсистикаи Иттифоқи нависандагонро ба зимма дошт. Айни ҳол муҳарририи шабакаи “Фарҳанг”-и Радиои “Тоҷикистон” мебошад.

Маҷид Салим дар шабакаи якуми “Телевизиони Тоҷикистон” ҷиҳати таҳия ва пахши як силсила филмҳои мустанад ва очеркҳои телевизионӣ, тарҷумаи филмҳои бадеӣ, хидмати арзандае намудааст. Ба қалами вай филмҳои мустанади «Даштиҷум», «Дар оѓўши Сарихосор», «Искандаркўл», «Оҳанги Камароб», «Бешаи палангон», «Дараи Ромит», «Чилучорчашма», «Афсонаи Зоркул» ва тарҷумаи филми бадеии «Марги судхўр», «Паттазори сурх» тааллуқ дорад, ки ин филмҳо пайваста аз тариқи телевизион пахш мегарданд. Маҷид Салим дар телевизиони тоҷик ба тарҷума, таҳия ва пахши силсилабарномаҳо аз ҳаёти ҳайвонот, табиат ҳусни оѓоз бахшида, беш аз 200 барномаи муаллифӣ офаридааст, ки тамошобинро ба муъҷизаҳои табиат, олами наботот, гўшаҳои зебои ҷумҳурӣ ошно сохтаанд.

Тавре адиби тоҷик Абдулқодири Раҳим менависад: “Дар замони осоиштаи кишвар мавзуъҳои марказии барномаҳояш дар бораи олами ҳайвонот, табиату муҳити атроф буданд. На танҳо зебоиҳои кишвари маҳбубамон, олами рангини ҳайвонотро тавсифу тарғиб менамуд ва асрори онҳоро мекушод, балки барои ҳифзашон низ масъала мегузошт. Зимни ҳар барномаву

намоишаш таъкид менамуд, ки мо – инсонҳо масъулему вазифадорем, ки табиати зебоямонро ҳифз намоем, ба ҳайвоноту парандагони кишварамон ба хотири зинда монданашон тадбирҳои муҳиму заруриро биандешем. Инчунин, онҳоро дӯст бидорем. Тухми ин муҳаббатро аз хурдӣ дар замири дилҳо бояд кошт,- хулоса мекард дар барномаву намоишҳояш”.

Нахустин чакидаҳои хомаи Маҷид Салим ибтидои солҳои ҳаштодуми асри гузашта ба табъ расидаанд. Муаллифи маҷмуаи қиссаву ҳикояҳои «Гурги похурда» (соли 1991), «Зоѓеву доѓе» (с.1994), «Панҷаи ҳасрат» (с.1997), «Ҳикояҳо дар бораи ҳайвонот» (с. 1998), «Чўҷаи кабк» (с. 2000), «Уқоб ва лошахўр» (с.2002) «Мурѓи даштӣ» (с.2003) «Алибоҷ» (с.2008), «Аз паи паланг» (2010), «Санговдавак» (2012) «Дар паноҳи сабз беша» (2015) «Шоҳпарак ва рангинкамон» (2018), «Намадгардак (2019) «Лонаи Мусичаҳо» (2020) ва романи Хирс мебошад. Дар гирдоварию таҳияи китобҳои Мирзои Хокӣ, Тоҷӣ Усмон «Духтари ниқобдор», Алӣ Хуш «Шўриши Усмон» саҳм дорад.

Намунаи ҳикояву очеркҳояш дар китобҳои «Шаҳпари инсон», «Шасти зафар», «Баҳори истиқлол», «Насри тоҷик» (ба забони русӣ) ба табъ расидаанд. Дар соҳаи илм низ муваффақ буда, дорои дараҷаи илмии номзади илмҳои филология низ мебошад.

Соданависӣ ва муҷазбаёнӣ услуби хосси Маҷид Салим буда, эҷодиёташ шаклану мазмунан хеле ҷолиб аст. Дар эҷодиёташ пайвастагии инсон бо табиат, олами вуҳуш, муъҷизаҳои наботот ва ҷаҳониафсонавии ҷонваракон ба ҷилва омадааст ва бешубҳа Маҷид Салим ягона адибест, ки ин мавзуъро ҳамеша пайгирӣ намудааст.

Китобҳои Маҷид Салим «Человек идет к зверю» ба забони русӣ ва «Чупон итининг улими» «Ормон кабк қафасӣ»ба забони ўзбекӣ нашр шудаанд. Китоби дигари ў повести «Дарёнавард», ки дар бораи корномаи Темурмалик нақл мекунад, соли 2014 ба табъ расидааст. Қиссаҳои дигари ў «Офтоби тобон» ки ба Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бахшида шудааст ва повести «Мавлоно Яъқуби Чархӣ» аз нашр баромадаанд.

Ҳамчунин, тарҷумаи ҳикояи машҳури А.П Чехов «Каштанка» қиссаи «Муму»-и И. Тургенев ва китоби В. Гаршин «Нахл» ба қалами Маҷид Салим тааллуқ доранд. Маҷид Салим дар драматургия низ қувваозмой намуда, намоишномаи ў «Ишқи нобино» дар Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ба саҳна гузошта шудааст. Асари дигари драмавии бачагонаи муаллиф «Озодапаланг» дар Театри давлатии лўхтаки шаҳри Душанбе саҳнавӣ гардидааст.

Маҷид Салим барандаи Ҷоизаи адабии ба номи С. Айнӣ мебошад ва барои силсилаи ҳикоя, очеркҳои дар мавзуи табиат, ҳайвонот бахшидааш ба Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номиЛоҳутӣ шарафёб шудааст.

Ҳамчунин, ў ба унвонҳои ифтихории “Корманди фахрии муҳити зисти Тоҷикистон”, «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», «Аълочии матбуот», «Аълочии телевизион ва радио» Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Кумитаи фарҳанги аъзои Давлатҳои мустақил ва медали «Барои хизматҳои ҳарбӣ» мукофотонида шудааст. Маҷид Салим аз соли 1989 узви Иттифоқи журналистони СССР ва аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Федератсияи Русия мебошад. Намунаи қиссаву ҳикояҳояш ба забонҳои русӣ, ўзбекӣ, арабӣ, озарӣ ва туркӣ ба табъ расидаанд.

Нависандаи нозукбин ва муҷазбаён имрӯз низ бо неруи ҷавонӣ фаъолияти рӯзноманигорӣ, нависандагӣ ва илмииашро идома дода, кӯшиш менамояд дар тарбияи насли наврас, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносии ҷавонон ва наврасон саҳм гузорад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram