РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ДБССТ ҳамкориҳоро бо муассисаҳои таълимии Малайзия густариш медиҳад

Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректори муассиса муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо муассисаҳои таълимии Малайзия вориди шаҳри Куала Лумпур гардиданд. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Нахуст ҳайати гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар самти бастани шартномаҳои ҳамкорӣ бо МТОК-и хориҷи кишвар бо сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия, Индонезия ва Таиланд муҳтарам Ардашер Қодирӣ мулоқот анҷом доданд.

Дар раванди мулоқот самтҳои асосии ҳамкориҳои ДБССТ бо донишгоҳҳои Малайзия дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи рушди сайëҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи рушди саноат барои давраи то соли 2030 вобаста ба омодасозии кадрҳои соҳаҳои зикршуда мавриди баррасии амиқ қарор дода шуданд.

Ҷаноби А. Қодирӣ аз ташрифи нахустин донишгоҳ аз Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои Малайзия изҳори хушнудӣ намуда, иқдомоти раëсати донишгоҳро дар ин самт хуш пазируфтанд.

Дар натиҷа барномаи вохуриҳо бо донишгоҳҳои Малайзия ҳамоҳанг гардида, мулоқотҳо оғоз шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram