РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Директори Агентии муқовимат ба коррупсияи Узбекистон аз Осорхонаи миллӣ дидан намуд

Дирӯз Бурханов Акмал Эшондедаевич директори Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Узбекистон дар доираи сафари хеш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамроҳии ҳайати хеш аз Осорхонаи миллӣ дидан намуданд. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.

Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо ва дигар шахсони масъул меҳмононро пешвоз гирифта, ба онҳо аз ҷониби роҳбалад сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд.

Меҳмонон бо дидани толорҳои намоишии шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна, шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллӣ аз таърихи куҳани халқи тоҷик, фарҳанги пурғановат ва дастовардҳои замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабардор гардиданд.

Пас аз анҷоми сайри осорхонавӣ директори Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Узбекистон Бурханов Акмал аз боздиди толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, ҳамчун анъана дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ андешаҳояшро дарҷ намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram