РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Саъба — парандаи соли 2023 интихоб шуд

Дар остонаи соли нави мелодӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) озмуни “Парандаи соли 2023” доир гардид. Бо пешниҳоди банда ва дастгирии олимону мутахассисон ва парандашиносон саъба “Парандаи соли 2023” интихоб гардид.

Қобили зикр аст, ин озмун соли даҳум аст, ки ҳамасола дар арафаи соли нави мелодӣ аз ҷониби бахши табиатшиносии АМИТ ва Иттиҳодияи ҳифзи табиат ва гуногунии биологӣ баргузор мегардад. Ин навбат барои муҳокима 8 номгўи парандагони нодиру аҷиби Тоҷикистон, ба мисли мусича, саъба, дурроҷи сиёҳ, бедона, кабӯтари ҷангалӣ, чарғи думдароз, доснул пешниҳод гардида буд.

Дар ҷамъбасти озмун ноиби президенти АМИТ, доктори илмҳои биология Абдусаттор Саидов дар бораи мақсади гузаронидани ин озмун суханронӣ намуд.

Ман хушбахтам, ки мисли соли гузашта дар овоздиҳӣ ширкат намуда, саъбаро пешниҳоди ҳозирин кардам ва дар натиҷа аз ҳамаи дигар парандагон бештар овоз гирифт ва саъба “Парандаи сол” шуд.

Зеро дар ҳақиқат саъбаи зебои афсонавӣ миёни мардум машҳур буда, яке аз парандагони писандидаи дӯстдорони табиат мебошад. Саъба бо тарзи ҳаёти муътадил ва аҷиби худ дар табиат аз дигар парандагон фарқ мекунад. Тарзи лонагузорӣ ва тарбияи чўҷаҳо барои саъба хеле муҳим мебошад. Он соле то се-чаҳор чўҷа бароварда, ба онҳо зуд тарзи парвозу шикорро меомўзонад. Саъбаҳо озодагиро дўст дошта, ҳар сол лонаи худро аз нав таъмир мекунанд ва тухм мегузоранд. Лонаи ин парандаи аҷиб хеле нозукона аз лой ва гилу ришта ва хас сохта мешавад ва онҳо ба инсон наздик буда, бештар дар ҷангал ва боғот лона мегузоранд. Саъба парандаи бисёр хушхон буда, ҳар гуна овозҳоро такрор мекунад ва чӯҷаҳояшро хело дўст медорад. Айёми ғизодиҳии чӯҷаҳо рўзе то зиёда аз 200 маротиба ба лонааш парвоз мекунад. Саъба то 100 грамм вазн дошта, дар дигар мамлакатҳо, билхоса дар Африқо, Чин ва дар Ҳиндустон низ хеле зиёд паҳн шудааст.

Маҷид САЛИМ

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram