16 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими супоридани мукофоти пулӣ ба иштирокчиёни даври чоруми Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки ҷойҳои ифтихориро сазовор гардиданд, баргузор шуд. Дар ин маросими бошукӯҳ дар баробари намояндагони сохторҳои давлатӣ муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ширкат намуда, дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 26 нафар иштирокчии фаъоли озмун, аз ҷумла ба 13 нафар ятимон ва шахсони маҳдудимкон 4 000 сомонӣ ва ба 13 нафар пиронсолон ба маблағи 3 000 сомонӣ аз номи Раиси ҳизб тақдим намуд. Дар ин бора аз маркази матбуот ва таҳлили дастгоҳи КИМ ҲХДТ хабар доданд.
Боиси ифтихор аст, ки ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар ҳаводорони зиёдеро ба ҳам оварда, дар муаррифии чеҳраҳои китобхон, донишманд, суханвар ва эҷодкор нақши боризе гузошта истодааст. Мардуми шарифи Тоҷикистон, падару модарон, хонандагону омӯзгорон, донишҷӯёну намояндагони касбу кори гуногун ҷиҳати дастгирии ташаббуси Пешвои миллат тамоми неруи зеҳнии худро равона карда, дар чор зинаи озмун донишу маҳорати худро муаррифӣ намуданд.
Хотиррасон мешавем, ки 17 декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуд, ки дар он хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Данғара Шаҳло Сайдалиева соҳиби «Шоҳҷоиза» ва маблағи 70 ҳазор сомонӣ гардид.
Натиҷаи ҷамъбасти ниҳоӣ нишон дод, ки иштирокчиёни озмун аз шаҳри Душанбе соҳиби 32 ҷой, вилояти Суғд 28 ҷой, вилояти Хатлон 17 ҷой, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 13 ҷой ва ВМКБ соҳиби 4 ҷой гардиданд.